Овозхони хиёбонӣ барои мардум месарояд

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Садои дутору сурудҳои гоҳе бо алам ва гоҳе шӯхиомези Бобоҷон Холов барои раҳгузарони ҷодаву хиёбонҳои Душанбе ошност. Ӯ қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳои пойтахт, ба гуфтаи худаш, “дарди дил тоза мекунад”.

“Ман барои мардум навохтаву месароям, ки битавонам дарди онҳоро то ҷое сабук кунам”, – мегӯяд Бобоҷон.

Завқи сурудхонӣ аз хурдӣ дар қалбаш ҷӯш мезад. Ӯ орзуи овозхони касбӣ шудан дошт, вале мусибат ва ноомади кору зиндагӣ ӯро ба хиёбон кашид.

“Шавқи сурудхонӣ аз замони кӯдакиям буд, аммо баъд аз 50-солагӣ дигар хиёбонӣ шудам. Думбуранавозӣ бароям касби меросист. Падари ман Гуруғлисаро буд… Дасту панҷаам шикасту ҷарроҳӣ шудам. Дигар қуввати кор кардан надоштам ва ба даст думбура гирифтам”, – иброз дошт ӯ.

Бо вуҷуди мушкилот Бобоҷон ба зиндагӣ, ба мардуми атроф ва ба оянда назари нек дорад. Шукри оромиву орзуи шукуфоии Тоҷикистон мекунад. Баъд аз пайдо шудани навори сурудҳои шӯхи ӯ дар фазои маҷозии Интернет шумори ҳаводоронаш бамаротиб бештар шуд ва то ҷойе шаҳди ситора буданро ҳам чашид.

“Таронаҳои шӯх, ки мехонам, ғариббачаҳо зиёд ҳурмат мекунанд. Суроғ карда, меоянд. Мегӯянд, ки шӯхиёнаҳои шуморо ёд мекунем”, – афзуд Бобоҷон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.