Дар ҳайати Тоҷикистон 7 футболбози легионер бозӣ мекунанд

Аваз Юлдошев

Ин теъдод легионерҳо ё худ футболбозон аз дастаҳои мамолики дигар кайҳост, ки даъват нашуда буданд.

Пас аз танаффуси тӯлонӣ ҳимоягари дастаи “Нефтехимик”-и Нижнекамск Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари “Бухоро” Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват шуданд.

Ба ҷуз онҳо, ҳимоягар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия),  нимҳимоягарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), ҳамчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш) низ ба ҳайати дастаи миллӣ даъват шудаанд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро ба бозиҳои моҳи ноябр бо Малайзия (9-уми ноябр, Куала-Лумпур), Мянма (14-уми ноябр, Мандалай) ва Қирғизистон (19-уми ноябр, Бишкек) эълон кард.

Ба ин бозиҳо 23 нафар бозигарон бо шумули легионерҳо даъват шудаанд:

Дарвозабонон: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоягарон:  Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳар ду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоягарон: Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (дар ягон даста бозӣ намекунад).

Субҳи 6-уми ноябр мунтахаби футболи Тоҷикистон барои гузаронидани бозии рафиқона бо Малайзия ба Куала-Лумпур меравад. Вохӯрӣ рӯзи 9-уми ноябр дар варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил соати 17:45 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Пас аз вохӯрии рафиқона бо Малайзия футболбозони тоҷик аз Куала-Лумпур ба Мандалай рафта, рӯзи 14-уми ноябр дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими Мянма бозӣ мекунанд. Он дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» соати 15:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Сипас дастпарварони Усмон Тошев ба Бишкек раҳсипор шуда, бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро бо тими Қирғизистон мегузаронанд. Он рӯзи 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...