Арзиши сабикаҳои тиллои БМТ аз оғози сол қариб 17% афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши сабикаҳои тиллое, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯш гузошта мешавад, аз оғози сол ба ҳисоби миёна 16,9% боло рафт.

Мувофиқи маълумоти БМТ, сабикаи тиллои панҷграммӣ дар ин давра 16,4% – аз 2103 сомонӣ дар аввали сол то ба 2448 сомонӣ дар айни замон қимат шуд.

Нархи сабикаи даҳграммӣ – 16,7%, бистграммӣ – 17%, панҷоҳграммӣ – 17,2% ва садграммӣ – 17,3% афзуд.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккорикардаро ба муомилоти озод баровард.

Аз 12-уми июн сабикаҳои вазни 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш бароварда мешаванд.

Арзиши сабикаҳои тиллоӣ мувофиқи нарх барои се унсия (31,1034768 грамм)-и тилло ва аз рӯйи натиҷаҳои савдои биржавии асъори хориҷӣ (фиксинг) муайян карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшуда, масрафоти нақлиёту суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб мешавад.

Нархи фурӯш ва хариди сабикаҳои ченшуда ҳамарӯза муайян ва бо асъори миллӣ муқаррар мешавад.

Нарх ба вазни сабика вобаста аст. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Шахсони ҳуқуқие, ки хоҳиши харидани сабикаҳои тиллоро доранд, бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли сабикаҳои тилло Бонки миллии Тоҷикистон метали дар ҷумҳурӣ истихроҷшударо истифода мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, ҳамаи тиллои истеҳсоли Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар харидорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.