Арзиши сабикаҳои тиллои БМТ аз оғози сол қариб 17% афзуд

Арзиши сабикаҳои тиллое, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯш гузошта мешавад, аз оғози сол ба ҳисоби миёна 16,9% боло рафт. Мувофиқи маълумоти БМТ, сабикаи тиллои панҷграммӣ дар ин давра 16,4% – аз 2103 сомонӣ дар аввали сол то ба 2448 сомонӣ дар айни замон қимат шуд. Нархи сабикаи даҳграммӣ – 16,7%, бистграммӣ […]

Арзиши сабикаҳои тиллое, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯш гузошта мешавад, аз оғози сол ба ҳисоби миёна 16,9% боло рафт.

Мувофиқи маълумоти БМТ, сабикаи тиллои панҷграммӣ дар ин давра 16,4% – аз 2103 сомонӣ дар аввали сол то ба 2448 сомонӣ дар айни замон қимат шуд.

Нархи сабикаи даҳграммӣ – 16,7%, бистграммӣ – 17%, панҷоҳграммӣ – 17,2% ва садграммӣ – 17,3% афзуд.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккорикардаро ба муомилоти озод баровард.

Аз 12-уми июн сабикаҳои вазни 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба фурӯш бароварда мешаванд.

Арзиши сабикаҳои тиллоӣ мувофиқи нарх барои се унсия (31,1034768 грамм)-и тилло ва аз рӯйи натиҷаҳои савдои биржавии асъори хориҷӣ (фиксинг) муайян карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшуда, масрафоти нақлиёту суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб мешавад.

Нархи фурӯш ва хариди сабикаҳои ченшуда ҳамарӯза муайян ва бо асъори миллӣ муқаррар мешавад.

Нарх ба вазни сабика вобаста аст. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Шахсони ҳуқуқие, ки хоҳиши харидани сабикаҳои тиллоро доранд, бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли сабикаҳои тилло Бонки миллии Тоҷикистон метали дар ҷумҳурӣ истихроҷшударо истифода мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, ҳамаи тиллои истеҳсоли Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар харидорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.