Дархости ҳабси абади айбдоршавандаҳо дар инфиҷори метрои Санкт-Петербург

Asia-Plus

Барои иштирокчии асосии парвандаи таркиш дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов ҳабси якумрӣ дархост шудааст.

Тавре РБК хабар медиҳад, прокурор ҳамчунин дархост кардааст, ки ӯ дар ҳаҷми 1 млн. рубл ҷарима шавад.

Бино ба маълумоти “РИА Новости”, айбдоркунандаи давлатӣ барои Акрам Азимов, бародари Аброр, инчунин Муҳаммадюсуф ва Иброҳим Эрматовҳо ҳукми ҳабси абадро дархост кардааст.

Илова бар ин, прокурор аз суд дархост кардааст, ки ҳамаи 11 нафар судшавандаҳо дар парвандаи амали террористӣ гунаҳкор эътироф шаванд. 

Таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 3-юми апрели соли 2017 рух дод. Тахрибкори маргталаб Акбарҷон Ҷалилов ба метрои шаҳр ду дастгоҳи тарканда дароварда буд. Инфиҷор байни истгоҳҳои «Сенная площадь» ва «Технологический институт» ба амал омад. Боз як бомба дар истгоҳи «Площадь Восстания» ошкор ва безарар гардонида шуд.

Дар натиҷаи ин амали террористӣ 16 нафар ҳалок ва зиёда аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...