Нодида гирифтани ранги сурхи чароғак бо марг анҷомид

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини 25-солаи шаҳри Ҳисор ба чароғаки роҳнамо итоат накарда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» бархӯрд, ки дар натиҷа ҷавони 22-сола ба ҳалокат расид.

Шоми 20-уми ноябри соли равон тахминан соати 22:30 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, таҳти идораи Аюб Сафарови 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қаробоев ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар чорроҳа ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа номбурда ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» рақамҳои қайди давлатиаш 5664 DО 01 бархӯрдааст, ки ронанда Авзалшоҳ Маҳмудови 22-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванд Ниёзов Сиддиқ Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1983, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=6StjufGauZo

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.