Тоҷикдухтари Қирғизистон – қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ

Дар Лаҳистон (Полша) мусобиқаи ҷаҳонии гуштии камарбандӣ бо иштироки паҳлавонони 26 кишвари дунё дар вазни мутлақ (боло аз 100 кг) баргузор гардид. Духтари тоҷиктабор Дилдора Раҳмонова аз деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Тавре Қодиршои Мурувват дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, Дилдора Раҳмонова чемпиони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Лаҳистон (Полша) мусобиқаи ҷаҳонии гуштии камарбандӣ бо иштироки паҳлавонони 26 кишвари дунё дар вазни мутлақ (боло аз 100 кг) баргузор гардид. Духтари тоҷиктабор Дилдора Раҳмонова аз деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Тавре Қодиршои Мурувват дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, Дилдора Раҳмонова чемпиони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ мебошад.

Дилдора аз ҷониби роҳбарияти вилояти Бодкен, ноҳияи Қадамҷой ва деҳшӯрои Учқӯрғон, сокинони маҳаллӣ, хурду калони деҳа бо гулдаставу офаринҳои бешумор истиқбол шудааст.

“Тавре Мавлонҷон Абдураззоқов – муовини якуми раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар додааст, ки  Дилдора Раҳмонова тоҷиктабор буда, падараш Ғулом-ака Раҳмонов як умр дар системаи кишоварзии деҳшӯрои Учқӯрғон кору заҳмат мекашад ва аз ин дастоварди навбатии фарзанди худ мамнуну сарфароз мебошад”, – навиштааст Қодиршои Мурувват.

“Соли 2016 Дилдора беҳтарин варзишкори Қирғизистон эълон гардида буд ва он замон нахуствазири кишвар Сооронбай Жээнбеков, ки ҳоло президенти Қирғизистон мебошад, барояш ҷоизаро тақдим карда буд”, – афзуд ӯ.

Зимни вохӯрии чемпион аз номи ҳукумати деҳшӯрои Учқӯрғон ба Дилдора маблағи 50 ҳазор сом ҳадя тақдим шуда, аз ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ низ қарор аст ҳадяҳо барояш супурда шаванд.

Деҳшӯрои Учқӯрғон яке аз минтақаҳои сарсабзу пешрафтаи Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ҳудуди 27 ҳазор нафар тоҷикон кору зиндагӣ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.