Тоҷикдухтари Қирғизистон – қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Лаҳистон (Полша) мусобиқаи ҷаҳонии гуштии камарбандӣ бо иштироки паҳлавонони 26 кишвари дунё дар вазни мутлақ (боло аз 100 кг) баргузор гардид. Духтари тоҷиктабор Дилдора Раҳмонова аз деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Тавре Қодиршои Мурувват дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, Дилдора Раҳмонова чемпиони чоркаратаи ҷаҳон оид ба гуштӣ мебошад.

Дилдора аз ҷониби роҳбарияти вилояти Бодкен, ноҳияи Қадамҷой ва деҳшӯрои Учқӯрғон, сокинони маҳаллӣ, хурду калони деҳа бо гулдаставу офаринҳои бешумор истиқбол шудааст.

“Тавре Мавлонҷон Абдураззоқов – муовини якуми раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар додааст, ки  Дилдора Раҳмонова тоҷиктабор буда, падараш Ғулом-ака Раҳмонов як умр дар системаи кишоварзии деҳшӯрои Учқӯрғон кору заҳмат мекашад ва аз ин дастоварди навбатии фарзанди худ мамнуну сарфароз мебошад”, – навиштааст Қодиршои Мурувват.

“Соли 2016 Дилдора беҳтарин варзишкори Қирғизистон эълон гардида буд ва он замон нахуствазири кишвар Сооронбай Жээнбеков, ки ҳоло президенти Қирғизистон мебошад, барояш ҷоизаро тақдим карда буд”, – афзуд ӯ.

Зимни вохӯрии чемпион аз номи ҳукумати деҳшӯрои Учқӯрғон ба Дилдора маблағи 50 ҳазор сом ҳадя тақдим шуда, аз ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ низ қарор аст ҳадяҳо барояш супурда шаванд.

Деҳшӯрои Учқӯрғон яке аз минтақаҳои сарсабзу пешрафтаи Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ҳудуди 27 ҳазор нафар тоҷикон кору зиндагӣ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".