БОР ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон $10 млн. ҷудо кард

Иттилоияи расмӣ

Бонки осиёии рушд (БОР) грант ба маблағи 10 млн. долларро барои дастгирии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон маъқул шуморид. Ин лоиҳаи БОР нахустин дар бахши сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

“Бо назардошти манзараҳои зебои кӯҳистон, боигариҳои табиӣ, ҳамчунин робитаҳои таърихӣ бо Роҳи қадимаи Абрешим ва ҳатто давраҳои пештар аз ин, Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ афзалиятҳои зиёд дорад, – қайд кардааст роҳбари шуъбаи БОР оид ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон Ризо Фаррух. – Лекин имконоти сайёҳии кишвар истифоданашуда боқӣ мемонад. Ба туфайли ин, мо талошҳои ҳукуматро оид ба рушди бахши сайёҳӣ ба сатҳи нав мегузаронем”.

Дар доираи лоиҳа нақшаи маҷмӯавии рушди сайёҳӣ бо назардошти таҳлили талабот дар бозор ва харитаҳо омода шуда, ҳамчунин таҳкими имконоти ниҳодӣ дар соҳа ба назар гирифта мешавад.

Дар доираи лоиҳа ба кишвар дар таҳияи ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ кумак карда мешавад, ки заминаи стратегӣ барои рушд ва мониторинги соҳа мебошад.

Ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар бораи масоили ҳиссаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, шуғл дар сатҳи миллӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ; алоқаи сайёҳӣ бо маблағҳои софи асъорӣ; ҳиссаи навъҳои гуногуни сайёҳӣ дар қатори даромадҳои дахлдор ва тақсимоти хароҷот ба сайёҳӣ маълумот медиҳад.

Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби лоиҳа нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ, арзёбии фанниву иқтисодӣ ва тарҳи муфассали лоиҳаҳои сармоягузорӣ муайян ва таҳия мешаванд.

Арзиши умумии лоиҳа 11 млн. доллар буда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 1 млн. доллар аст. Анҷоми лоиҳа соли 2024 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки нахустин кумаки БОР ба Тоҷикистон соли 1998 маъқул дониста шуда, ба дастгирии барқарор кардани иқтисод баъд аз низои дохилӣ равона шуд.

Аз он замон БОР ба Тоҷикистон беш аз 1,8 млрд. доллар, аз ҷумла, зиёда аз 1,1 млрд. доллар ба сифати грант ҷудо кард. Ин кумак ба беҳбуди ҳолати нақлиёт ва зербинои кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ мусоидат кард.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Соли 2018 уҳдадориҳои умумии БОР оид ба қарзу грантҳо 21,6 млрд. долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.