Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар “Osaka Grand Slam-2019”

Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, […]

Asia-Plus

Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Русия Евгений Прокопчук ғалаба кард. Аммо дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид.

Гуфта мешавад, Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари дигари мизбон Арата Татсукаваро шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Соишӣ Ҳашимото, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Муғулистон Одбайар Ганбаатар шуд.

Зикр мешавад, ки ду варзишгари дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Сомон Маҳмадбеков барои ҷойи сеюм медали биринҷӣ ва 1500 доллари ИМА ҷоизапулӣ гирифт. Ӯ ҳамчунин соҳиби 500 хол гардида, мавқеашро дар радабандии ҷаҳонии олимпӣ беҳтар карда, феълан бо 2060 хол дар мавқеи 16-уми вазни -73кг ҷойгир аст.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 486 варзишгар (280 мард ва 206 зан) аз 87 кишвар иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.