Эмомалӣ Раҳмон ин ҳафта ба Бишкеку Тошканд меравад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва сарвазири Арманистон дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарори СААД дар бораи Номгӯйи тадбирҳои иловагӣ баҳри коҳиши шиддати вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ мешавад.

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи Бишкек ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Сипас ӯ аз Бишкек ба Тошканд меравад, ки рӯзи 29-уми ноябр дар он ҷо Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин вохӯрӣ баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарони кишварҳои минтақа ҳамчунин атрофи масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҷамъбастӣ қабул мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.