Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт дар Оренбург

Субҳи 24-уми ноябр бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз як нафари дигар бистарии бемористон шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод. Садама тақрибан соати 06:10 дар километри 15-уми шоҳроҳи Оренбург – Акбулак рух […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи 24-уми ноябр бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз як нафари дигар бистарии бемористон шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Садама тақрибан соати 06:10 дар километри 15-уми шоҳроҳи Оренбург – Акбулак рух дода, автомашинаи боркаш (фура) ба микроавтобуси Hyundai бархӯрдааст.

Дар натиҷа 6 нафар ҳалок шудаанд, аз ҷумла, як кӯдаки 6-сола. Боз се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд, ки ба Ватан бармегаштаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=C-UHtYZlVh4

Муайян карда шуд, ки дар ин садама ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯзи Аҳмад (с/т 1993) ва Маликзода Ҳусниддини Мирзомурод (с/т 1992) ҳалок шудаанд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Исматов Шаҳбоз Иззатуллоевич (с/т 1994) дар бемористон бистарӣ шудааст. Фавтидагон ва ҷароҳатбардошта ҳама зодагони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошанд”, – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадов, айни замон ҷиҳати ба зодгоҳ фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон тадбирҳо андешида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти прокуратураи минақавӣ, садама бар асари ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадани микроавтобус рух додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.