Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар “Osaka Grand Slam-2019”

Asia-Plus

Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Русия Евгений Прокопчук ғалаба кард. Аммо дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид.

Гуфта мешавад, Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари дигари мизбон Арата Татсукаваро шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Соишӣ Ҳашимото, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Муғулистон Одбайар Ганбаатар шуд.

Зикр мешавад, ки ду варзишгари дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Сомон Маҳмадбеков барои ҷойи сеюм медали биринҷӣ ва 1500 доллари ИМА ҷоизапулӣ гирифт. Ӯ ҳамчунин соҳиби 500 хол гардида, мавқеашро дар радабандии ҷаҳонии олимпӣ беҳтар карда, феълан бо 2060 хол дар мавқеи 16-уми вазни -73кг ҷойгир аст.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 486 варзишгар (280 мард ва 206 зан) аз 87 кишвар иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.