Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар доираи Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон маъракаи ҷаҳонии 16 рӯзи фаъолнокӣ зидди зӯроварии гендерӣ «Оранжевый день» оғоз мегардад, ки беш аз 160 кишвари дунёро муттаҳид месозад. Имсол маърака таҳти шиори “Баробарӣ” алайҳи таҷовуз ба номус бо хэштеги #orangetheworld, #16days, #GenerationEquality баргузор мешавад. Маърака соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

– Дар Тоҷикистон Чоизаи миллӣ дар соҳаи кинематография «Золотой тюльпан» оғоз мегардад. Созмондиҳандагони он аз ҷониби маркази фарҳанги “Бактрия” бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва шарикии “Тоҷикфилм” мебошанд. Филмҳо дар толорҳои кинотеатри “Ватан” ва киностудияи “Тоҷикфилм” намоиш дода мешаванд.

– Фестивали байнулмилалии ҳунар ва мӯди “Диёри ҳусн” ба анҷом мерасад.   

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6926 сомонӣ;

1 евро – 10.7239 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1519 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон.

1925 – Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) дар бораи табдили ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ба ҲК Тоҷикистон қарор қабул кард.

1947 – Ифтитоҳи Анҷумани II-юми нависандагони Тоҷикистон.

1974 — Ҳаракати қатораҳо тариқи роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз – Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

2008 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи госпитали ҳарбӣ барои хизматчиёни низомии Гвардияи миллӣ иштирок кард.

1887-1943 – Зодрӯзи генетики рус, ботаник ва ҷуғрофишинос, муҳаққиқи Тоҷикистон Николай Вавилов.

1934-1984 – Мавлуди оҳангсоз Достӣ Орзуев.

1938-2007 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

1942 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Шамсиев.

1949 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмонҷон Юсуфов.

1956 – Мавлуди доктори улуми филология Нуриддин Саидов.

1957 – Зодрӯзи рӯзноманигор Сайвалӣ Азизов.

1960 – Мавлуди фарҳангшинос Баҳринисо Қобилова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар барф дар баъзе ноҳияҳо барф борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 3+8 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона 1+6 гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, дар мавзеи Булункул то 21-23° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар барф борида, рӯзона бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар барф борида, рӯзона бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —   Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.