“То ки Трамп мағлуб шавад”. Номзадии собиқ раиси Ню-Йорк ба курсии президенти ИМА

Asia-Plus

Собиқ раиси шаҳри Ню-Йорк миллиардер Майкл Блумберг эълом дошт, ки нияти муборизаро барои расидан ба мансаби президентӣ аз Ҳизби демократ дорад.

“Барои расидан ба мансаби президентӣ талош меварзам, то Доналд Трампро мағлуб карда, Амрикоро дубора эҳё созам”, – навиштааст Блумберг дар Твиттер. Дар ин бора хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад.

“Ӯ (Трамп) таҷассумгари хатари мавҷудияти кишвар ва арзишҳои мост. Агар ӯ боз як муҳлат сари мансаб монад, мо дигар ҳеҷ гоҳ аз зиён раҳо намеёбем. Мо бояд дар интихобот пирӯз шуда, ба эҳёи Амрико оғоз кунем”, – қайд мешавад дар изҳороти Блумберг.

Номзад аз хайру эҳсон даст кашида, иброз доштааст, ки худаш пурра маъракаи интихоботиашро маблағгузорӣ мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои CNN, Блумберг қаблан бар ин назар буд, ки довталабон аз демократҳо хеле зиёданд ва аз ин рӯ, дар интихобот иштирок намекард. Акнун мутмаин аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо Трампро мағлуб карда наметавонад. Бинобар ин, номзадии худро пешбарӣ кардааст.

Мувофиқи маълумоти назаранҷиҳои охир, байни довталабон ба номзадӣ аз Ҳизби демократ собиқ ноиби президент Ҷо Байден ва сенатор Берни Сандерс пешсафанд. Сенатор Элизабет Уоррен дар мавқеи сеюм қарор дорад.

Овоздиҳӣ дар аёлатҳо оид ба пешбарии номзад аз демократҳо моҳи феврали соли 2020 оғоз мешавад. Анҷумани ҳизб, ки дар он номзади ниҳоӣ муайян мегардад, 13-уми июл доир хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.