Куштори корманди СММ дар Афғонистон. Дабири кулл дарёфти гунаҳкоронро талаб дорад

Аз Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон хабар доданд, ки бар асари ҳамла ба мошини СММ дар Кобул як корманди ин созмон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дабири кулл Антониу Гутерриш даъват кардааст, ки гунаҳкорон дарёфт ва муҷозот шаванд. Дар СММ ҳамла ба мошини дорои нишони СММ-ро қотеъона маҳкум кардаанд. Тавре ҳукумати Афғонистон […]

Asia-Plus

Аз Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон хабар доданд, ки бар асари ҳамла ба мошини СММ дар Кобул як корманди ин созмон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дабири кулл Антониу Гутерриш даъват кардааст, ки гунаҳкорон дарёфт ва муҷозот шаванд.

Дар СММ ҳамла ба мошини дорои нишони СММ-ро қотеъона маҳкум кардаанд. Тавре ҳукумати Афғонистон хабар медиҳад, пас аз соати шаши бегоҳ дар яке аз кӯчаҳои серодами Кобул ба автомашина норинҷак партофта шудааст.

Бино ба иттилои Намояндагии СММ, яке аз кормандони дар автомобил қарордошта кушта ва боз ду нафар, ки яке аз онҳо афғон будааст, захмӣ шудаанд. Ному насаби фавтидагону захмишудагон зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти котиби матбуотии ВКД-и Афғонистон Нусрат Раҳимӣ, 5 нафар, аз ҷумла, 2 корманди афғон захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Раҳимӣ, инфиҷор замоне рух додааст, ки воситаи нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои пуродаму сермошин дар қаламрави ҳавзаи пулиси рақами 9 ҳаракат мекардааст.

Масъулияти ҳамларо то ин дам касе бар дӯш нагирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.