Баррасии таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ баҳри пешгирии тундравӣ

Asia-Plus

Ҳамоиш таҳти унвони “Таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаҳои пешгирии экстремизм. Ҳамкории устувор” имрӯз, 26-уми ноябр дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Мақсад аз баргузории он роҳандозии ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар ҷиҳати рушди фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва омӯзиши таҳаммулгароиву гуногунандешӣ ҳамчун воситаҳои пешгирии ифротгароӣ буд. Дар ин чорабинӣ ҳудуди 60 нафар аз сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, марказҳои ҷавонон, мактабҳои миёнаю олӣ, инчунин намояндагони созмонҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

– Ифротгароӣ падидаи мураккаб аст ва имрӯзҳо тафсири гуногун дошта, формулаи умумии ифротӣ шудани шаҳрвандон низ вуҷуд надорад. Тавре дар Стратегияи миллӣ зикр шудааст: “Он проблемаи маҷмӯӣ буда, рӯйи даст гирифтани иқдомҳои маҷмӯиро тақозо мекунад”. Дар ин росто муҳим аст, ки “сиёҳсозӣ” ва “қаҳрамонсозӣ”-и ифротиҳо пешгирӣ карда шавад, чун таъсири дутарафа метавонад дошта бошад. Густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва плюрализм дар байни ҷавонон барои паст гардидани падидаи ифротгароӣ дар ҷомеа сабаб шуда, пояҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мутамаддин тақвият мебахшад, – гуфт дар ин ҳамоиш номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён.

Дар ҷараёни ҳамоиш қайд гардид, ки ҳоло мардумони кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи қоидаҳои таҳаммулгароӣ дар фазои сулҳу салоҳ зистанро авлотар медонанд. Зеро таҳаммулгароӣ маънои доштани қобилияти сабру муросо ва муносибати бо мулоимат нисбат ба андеша, рафтор ва иштибоҳи дигарон аст. Зимнан таъкид шуд, ки тарбияи насли нав дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ маънои бо фаҳмиши дурусти дунёи муосир калон кардани кӯдакону наврасонро дошта, баҳри пешгирии гароиши ҷавонон ба тундравию тахрибкорӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои гуногун мусоидат мекунад. Зеро агар ҷавонон ҳамдигарро фаҳманд, фикри дигаронро тибқи қоидаҳои плюрализм ҳамчун ҳуқуқи шахс барои ҳамон гуна андешидан ботаҳаммул дарк кунанд ва ё қабул доранд, ифротгаро намешаванд ва тадриҷан ба даҳшатафкан табдил намеёбанд.

Коршиносони ин чорабинӣ дар мавзӯъҳои “Зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ”, “Хатари экстремизм ва терроризм дар ҳаёти ҷавонон”, “Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ барои пешгирии экстремизм”, “Зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа” ва “Саҳми омӯзгорон дар пешгирии экстремизм” суханронӣ карданд.

– Дар солҳои охир мардуми оламро афзоиши хатари экстремизм ва ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ ба ташвиш овардааст. Ҳоло аҳли башар ифротгароӣ ва зӯроварӣ, ки аз андоза гузаштани андешаҳо ва амалҳои тундравона аст, маҳкум мекунанд ва бо он мубориза мебаранд. Экстремист ё ифротгаро шахсест, ки андешаҳои дигаронро нодуруст ва андешаи худро дуруст ҳисобида, дин, нажод ва ё миллати худро аз ҳама боло мешуморад ва дигаронро паст ҳисобида, мехоҳад онҳоро бо зӯроварӣ нобуд кунад. Экстремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шуда, онҳое, ки даст ба амалҳои экстремистӣ мезананд, ҷинояткор дониста мешаванд. Фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мувофиқи қарори Суди Олии ҶТ дар қаламрав Тоҷикистон мамнӯъ аст, – изҳор дошт раиси дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода.

Иштирокдорони чорабинӣ зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализмро барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Зимнан зарурати омӯзиши фарҳанги таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Имконоти омӯзгорон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки онҳо метавонанд барои пешгирии ифротгароӣ нақши бориз дошта бошанд. Ҳамчунин густариши ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар дар ин самт зарур дониста шуд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шӯрои ҷамъиятии ҶТ ва сохторҳои дигари давлатӣ бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.