Бориши беист ва шадиди барф дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Айни замон дар роҳи автомобилгарди “Душанбе – Хуҷанд” бориши беист ва шадиди барф идома дорад. Инчунин дар минтақаҳои гуногуни кишвар боридани барф, борон, фаромадани тарма ва то 29 дараҷа поин омадани ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби дафтари матбуоти филиали ширкати IRS Далер Мерганов иттилоъ дод.

“Айни замон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бориши беист ва шадиди барф идома дорад. Бо назардошти ин кормандони филиали Ширкат роҳро аз барф мунтазам тоза мекунанд. Инчунин монеаҳои мавҷуда филфавр бартараф гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оранд ва эҳтиёткору бодиққат бошанд”, – иброз дошт ӯ.

АКС IRS

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, нуқтаи сардтарини кишвар минтақаи кӯли Булункул, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст, ба ҳисоб меравад.  Имрӯз ва чанд рӯзи оянда дар шаҳри Хуҷанд фаромадани туман  идома меёбад.

Вазъи боду ҳаво  барои рӯзҳои истироҳат

14-уми декабр

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, шабона бо гузариш ба барфи тар) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2°, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар водиҳои вилояти Суғд борон ва дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ барфу борон меборад. Вазиши бод аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯйӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳои он барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22° хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боришот (борон, шабона барф) ба амал омада, дар баъзе мавзеъҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

15-уми декабр

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо 8-13 хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 22-27° хунук, рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...