Партовҳои зараровари корхонаҳои Душанбе 4 баробар афзуд

Ҳаҷми партовҳои моддаҳои зараровар ба фазои шаҳри Душанбе тайи се соли охир 4 маротиба афзудааст. Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Агентии омори назди президенти ҶТ “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки соли гузашта 16,2 ҳазор тонна (соли 2014 – 4,3 ҳазор тонна) моддаҳои зарарнок ба фазо партофта шудааст. Қобили зикр аст, ки дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми партовҳои моддаҳои зараровар ба фазои шаҳри Душанбе тайи се соли охир 4 маротиба афзудааст.

Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Агентии омори назди президенти ҶТ “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки соли гузашта 16,2 ҳазор тонна (соли 2014 – 4,3 ҳазор тонна) моддаҳои зарарнок ба фазо партофта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар давраи солҳои 2014-2017 дар пойтахти Тоҷикистон давра ба давра маркази барқу гармидиҳии дуюм ба истифода дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, ифлоскунони асосии ҳаво дар шаҳр сарчашмаҳои сайёр мебошанд, ки соли 2018 беш аз 87 ҳазор тонна моддаҳои зарарнок ба фазо ихроҷ кардаанд.

Дар муқоиса бо соли 2017 ҳаҷми партови моддаҳои зараровар аз ҷониби воситаҳои нақлиёт қариб ду баробар зиёд шудааст.

Ҳамасола дар пойтахт шумори воситаҳои нақлиёт афзуда, айни замон миқдори умумии онҳо 120 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.