Думаи давлатӣ созишномаи интихоби тоҷикистониёнро ба кори муваққатӣ тасдиқ кард

Date:

Думаи давлатии Русия рӯзи 17-уми декабр Созишномаро бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Санади мазкур рӯзи 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар Созишнома имкони омодагии шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари иқомати ӯ барои кори муваққатӣ дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст.

Ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар мавриди ин масъала, аз ҷумла, воқифсозии аҳолӣ дар ин хусус, интихоби номзадҳои дорои касбу кори мувофиқ, тайёр кардану бозомӯзии номзадҳо, мувофиқаи онҳо бо корфармоён, ташкили сафари онҳо ба ҷойи кор, санҷиши онҳо дар масъалаи мавриди пайгарди мақомот қарор надоштан ва ғайра уҳдадориҳо вогузор шудааст.

Таъкид мешавад, ки амалисозии тадбирҳои мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кори муваққатиро дар Русия доранд, имкон фароҳам месозад.

Дар Созишнома шарти ҳатмии иштироки корфармо дар сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ҳамчунин анҷоми муҳлати амали иҷозатномаи кор, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки муташаккилона сафарбар мешавад, уҳдадор аст, дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад ва ё бар асоси иҷозатномаи амалкунанда ё дубора ба расмият даровардашуда назди корфармои дигар ба кор дарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...