Ангишт дар минтақаҳои Тоҷикистон чӣ нарх дорад?

Аз мақомот даъват шуд, ки ба масъалаи беасос қимат шудани он расидагӣ кунанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар болоравии нархи чаканаи ангишт миёнаравонро гунаҳкор дониста, аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ба масъалаи беасос қимат шудани ин навъи сӯзишворӣ расидагӣ кунанд. Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Баҳриддин Абдураҳимзода […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз мақомот даъват шуд, ки ба масъалаи беасос қимат шудани он расидагӣ кунанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар болоравии нархи чаканаи ангишт миёнаравонро гунаҳкор дониста, аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ба масъалаи беасос қимат шудани ин навъи сӯзишворӣ расидагӣ кунанд.

Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Баҳриддин Абдураҳимзода қаблан ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо истифода аз фарорасии мавсими сармо шахсони ҷудогона нархи ангиштро боло бурданд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, дар минтақаҳо як тонна ангишти истеҳсоли Тоҷикистон бо назардошти хароҷоти нақлиёт аз 800 то 1200 сомонӣ нарх дорад. Имрӯз як халта ангишти истеҳсоли Тоҷикистон, ки вазнаш 25 кило аст, дар Панҷакент – 28, Турсунзода – 23 ва Бохтар – 25 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нархи ангишти истеҳсоли Қирғизистон 30-50 дирам гаронтар шудааст. Арзиши он низ ба хароҷоти нақлиёт вобаста мебошад. Айни замон дар Хуҷанд 1 килои ин навъи ангиштро бо нархи 1 сомониву 40 дирам, дар Турсунзода ва Бохтар – 1,80 ва дар Рашту Кӯлоб – 2 сомонӣ мехаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.