Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00. Ёдрас мекунем, ки прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд. Ӯ 23-юми январи соли 2015 ба ин мансаб таъин шуда буд. 

– Дар Душанбе кори намоишгоҳи Break the silence бахшида ба қурбониёни хушунат идома дорад. Бо ин нишонӣ суратгузориш аз маросими ифтитоҳи намоишгоҳро дарёфт карда метавонед.

–  Дар Душанбе бозиҳои даври чоруми мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни духтарони синни то 19-сола доир мегардад: соати 12:00: Қирғизистон-Туркманистон; соати 15:00: Афғонистон – Тоҷикистон; соати 18:00: Ӯзбекистон – Эрон. Бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Элит”-и Кумитаи андози ҶТ баргузор мешаванд. Даромадан барои тамошо бепул аст.

– Дар варзишгоҳи «King Abdullah Sports City»-и шаҳри Ҷидда байни дастаҳои “Ал-Аҳлӣ” (Арабистони Саудӣ) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) бозии даври плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 22:30 бо вақти Душанбе. Мухлисӣ мекунему ба футболбозони тоҷик барор хоҳонем!

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6960 сомонӣ;

1 евро – 10.6869 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1545 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1820 — Олимони рус Антарктидаро кашф карданд.

1918 — Раиси Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Владимир Илич Ленин декрет дар бораи таъсиси Артиши Сурхи Коргару Деҳқонро ба имзо расонид.            

1930 — Таъсиси рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (феълан «Халқ овози») бо забони ӯзбекӣ.

1904-1959 — Мавлуди журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик Сайдалӣ Бурҳонов.

1914 — Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Павел Зорин.

1956 — Мавлуди журналист ва арбоби давлатӣ Олим Салимзода.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 28-уми январ Рӯзи байнулмилалии ҳифзи маълумоти шахсӣ (Data Protection Day) ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн барои он таъсис дода шуд, то ки корбарони шабака риояи рафтор дар интернетро, ки ба бехатар кардани ҳаёти виртуалӣ ва воқеъии онҳо кумак мекунанд, фаромӯш насозанд.

34 сол пеш киштии кайҳонии амрикоии «Челленджер» ба садама дучор шуд: 28-уми январи соли 1986 соати 11-у 38 дақиқа ҳафт нафар астронавтҳо бо ин киштӣ ба кайҳон парвоз карда, парвоз ҳамагӣ 1 дақиқаву 13 сония давом кард. Дар баландии 14 километр «Челленджер» таркид.

17 сол пеш дар Британияи Кабир “сӯзишворӣ аз майонез” (биодизел) ба фурӯш бароварда шуд. Истеҳсоли ин навъи сӯзишвориро барои автомашинаҳо ширкати Greenwich ба роҳ монд. Имрӯзҳо барои истеҳсоли биодизел зироатҳои гуногуни кишоварзӣ истифода мешаванд: дар Аврупо бештар маъсар (рапс), дар ИМА ва Африқо – лӯбиё, дар Осиё – равғани норҷил (кокос) ва нахл (палма). Сарчашмаи бештар ояндадори ашёи хом барои истеҳсоли биодизел обсабзаҳо (обгиёҳҳо) шуморида мешаванд.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 14-19° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 29-34 хунук, (дар мавзеи Булункул то 53-55° хунук), рӯзона 15-20° хунук, (дар мавзеи Булункул то 28-30° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 17-19° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.