Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон ҷаласа гузаронд

Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон имрӯз, 28-уми январ дар бинои Ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар он аъзои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ин ҷаласаро Қоҳир Расулзода ифтитоҳ карда, сипас ҳисоботи котиби Шӯро – муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯро ва Нақшаи кории он барои соли 2019 муҳокима шуд.

Зимнан сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Сулаймон Султонзода оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» суханронӣ карда, норасоиҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботҳои раисони вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани кабудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Бо назардошти масъалаҳои баррасишуда раиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуда, Нақшаи кории Шӯро барои соли 2020 тасдиқ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.