Супориши раисҷумҳур: Назорати “коронавирус” дар сарҳад пурзӯр карда шавад

Имрӯз, 28-уми январ бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории “коронавирус”, ки дар кишвари Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид. Ба гуфтаи Азим Иброҳим, айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 28-уми январ бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории “коронавирус”, ки дар кишвари Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон аз ҷониби вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида мешаванд.

Тибқи супориши қатъии президент, ниҳодҳои дахлдор бори дигар вазифадор карда шуданд, ки зимни гардиши молу мавод дар сарҳад, нуқтаҳои марзии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин беморӣ зери назорати қатъии сохторҳои масъул қарор дода шаванд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони дигар сохторҳи дахлдор иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.