7,5 миллион сомонӣ камбудӣ дар идораҳои буҷетии Хатлон

Шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон соли 2019 дар ташкилоту идораҳои буҷетии минтақаи ҷануби Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст. Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, аудиторони сарраёсати молия дар 633 ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои Хатлон санҷишҳои интихобӣ гузаронида, […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон соли 2019 дар ташкилоту идораҳои буҷетии минтақаи ҷануби Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст.

Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, аудиторони сарраёсати молия дар 633 ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои Хатлон санҷишҳои интихобӣ гузаронида, 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардаанд.

“Аз зарари ошкоршуда дар рафти санҷишҳо 7,2 миллион сомонӣ барқарор гардид. Аз ин маблағ 4,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,7 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рӯёнида шуд. Яъне аз ҷамъи умумии маблағҳои ошкоршуда 95 дарсад барқарор гардид”, – гуфт Назарзода.

Вай афзуд, камбуди маблағ аслан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва изофанависӣ дар сохтмонҳо ошкор шудааст.

“Дар соҳаи тандурустӣ бештар маблағҳо аз ҳисоби нодуруст муайян кардани музди меҳнат мебошад. Яъне дар робита ба ставкаҳои корӣ ва дараҷаи тахассусӣ нодуруст пардохт кардаанд. Аз ин ҳисоб 1,2 миллион сомонӣ ошкор шудааст”, – қайд кард сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.

Ӯ шарҳ надод, ки дар соҳаҳои дигар чӣ миқдор камбуди маблағҳо муайян гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.