Ифшои ба муомилот баровардани долларҳои қалбакӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд 2 ҷавон бо гумони фурӯши долларҳои қалбакӣ боздошт шуданд. Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо бо мақсади ба муомилот […]

Дар шаҳри Хуҷанд 2 ҷавон бо гумони фурӯши долларҳои қалбакӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки онҳо бо мақсади ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ, аз шахси ба тафтишот номаълум 22 адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ғайриқонунӣ ба даст овардаанд.

Ин мардон 25-уми январи соли 2020 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ 7 адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ба маблағи 6 ҳазору 300 сомонӣ фурӯхта, бо маблағҳои ба даст овардаашон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.