Дар Суғд шӯрои бадеӣ барои санҷиши сурудҳо ташкил мешавад

Дар шимоли Тоҷикистон он намоҳангу сурудҳое, ки ба воситаи телевизиону радио пешкаши мардум мешаванд, минбаъд аз назари Шӯрои бадеӣ мегузарад. Ин масъала рӯзи 27-уми январ зимни баргузории ҷаласаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои соли 2019 таъкид гардид. Муовини раси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар ин ҷаласа аз сатҳу сифати намоҳанг ва таронаҳо изҳори нигаронӣ кард. “Имрӯз бисёре […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар шимоли Тоҷикистон он намоҳангу сурудҳое, ки ба воситаи телевизиону радио пешкаши мардум мешаванд, минбаъд аз назари Шӯрои бадеӣ мегузарад.

Ин масъала рӯзи 27-уми январ зимни баргузории ҷаласаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои соли 2019 таъкид гардид.

Муовини раси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар ин ҷаласа аз сатҳу сифати намоҳанг ва таронаҳо изҳори нигаронӣ кард.

“Имрӯз бисёре аз сарояндагон суруду клипҳое пешкаш мекунанд, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз матни суруду оҳанг тамошобинон, хусусан, наврасону ҷавонон ба худ чизи хуб гиранд. Вақте матнҳои сурудро гӯш мекунед, дар баъзе ҳолат умуман калимаи дурустро намеёбед. Бисёр шеърҳои сабукро намедонам, аз куҷо гирифта, оҳанг бастаанд. Ин қадар шоир ва шеърҳои беҳтарин дорем”, – гуфт Азимӣ.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов иброз дошт, ки барои бартараф кардани ин камбудиҳо низомномаи нави Шӯрои бадеӣ таҳия шудааст. Мутобиқи он ҳар як суруду клипе, ки бо воситаи телевизион ва радио пешкаши бинандаву шунаванда мегардад, аз назари Шӯрои бадеӣ гузаронида мешавад.

“Низомномаи нави Шӯрои бадеӣ тасдиқ мешавад. Мо ба ҳамаи муассисаҳои далхдор мактубҳо ва низомномаро мефиристем, онҳо бо он шинос мешаванд. Инчунин яке аз бахшҳои Шӯро марбут ба телевизион аст. Кормандони телевизион иштирок мекунанд, фикру андешаҳояшонро мегӯянд, ҳар як клип, ҳар як шеър, ҳар як оҳангро мутахассисон дида баромада, барои беҳтар кардани он тавсия медиҳанд”, – афзуд Қосимов.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 8 телевизиони хусусӣ ва 1 телевизиони давлатӣ, инчунин 6 радиои хусусӣ ва 1 радиои давлатӣ фаъолият карда, пахши суруду мусиқӣ аз ҷузъи муҳим ва асосии фаъолияти онҳо маҳсуб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.