88 шаҳрванди аз Чин ба Тоҷикистон баргашта аз карантин ҷавоб мешаванд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки баъди бозгашт аз Чин ба карантин фаро гирифта шуданд, рӯзи 14-уми феврал аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҷавоб мешаванд.

“Дар беморхонаи мо 236 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд. Фардо гурӯҳи аввали иборат аз 88 нафар аз карантин ҷавоб дода мешаванд ва боқимонда рӯзи дигар ба хонаҳояшон бармегарданд. Онҳо 14 рӯз таҳти назорати табибон буданд. Ташхисҳо ва мушоҳидаҳо ягон нишонаҳои бемории коронавирусро дар ин шаҳрвандон ошкор накардаанд. Вазъи саломатии онҳо хуб буда, сиҳату саломат мебошанд”, – иттилоъ доданд аз беморхонаи мазкур ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин шаҳрвандон боз ҳам назорат хоҳанд шуд: “Ҳамаи он нафарони ҷавобшуда таҳти назорати табибони беморхонаи мо ва дармонгоҳҳои ҷойи зисташон қарор мегиранд. Телефонҳои боварии беморхонаро ҳар яки онҳо медонанд ва дар ҳама ҳолат метавонанд тамос бигиранд ва мо низ ҳамеша бо онҳо тамос гирифта, аз вазъи саломатии онҳо пурсон мешавем”.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар беморхонаҳо ва осоишгоҳҳои кишвар айни замон 940 нафар, аз ҷумла, 102 зан ба карантини фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи онҳо аз шаҳрҳои гуногуни Чин ба Тоҷикистон омадаанд. Аз шумораи умумии карантиншудагон 62 нафарашон шаҳрвандони Чин мебошанд. Далелҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

То субҳи 13-уми феврал, дар Чин 14840 ҳодисаи нави сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Хабаргузории Медуза навиштааст, ки шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил додааст. Шабонарӯзи гузашта аз сирояти коронавирус 242 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон дар Чин ба зиёда аз 1,3 ҳазор нафар расидааст. Беш аз 5,6 ҳазор нафар аз ин беморӣ муолиҷа шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.