Сафири Русия ба собиқадорони Тоҷикистон ба муносибати 75-солагии Ғалаба медал тақдим кард

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рӯзи чоршанбе дар Душанбе ба собиқадорон ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ медалҳои ҷашнӣ тақдим кард. Ба ин мукофоти олӣ, ки бо фармони Владимир Путин ба ифтихори Соли ёдбуд ва шараф таъсис дода шудааст, 6 нафар собиқадорони тоҷикистонӣ – заҳматкашони ақибгоҳ, ки бо кори фидокорона назди дастгоҳҳо, […]

Asia-Plus

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рӯзи чоршанбе дар Душанбе ба собиқадорон ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ медалҳои ҷашнӣ тақдим кард.

Ба ин мукофоти олӣ, ки бо фармони Владимир Путин ба ифтихори Соли ёдбуд ва шараф таъсис дода шудааст, 6 нафар собиқадорони тоҷикистонӣ – заҳматкашони ақибгоҳ, ки бо кори фидокорона назди дастгоҳҳо, дар саҳро ва госпиталҳо Ғалабаи Бузургро наздик карданд, сазовор дониста шуданд.

Мукофотҳоро аз дасти сафир Клавдия Коршунова, Рауза Валетова, Екатерина Леонидова, Александр Струнаев, Елена Степовская ва Анна Гаврикова гирифтанд, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ заҳмат кашида, ба фронт кумак мекарданд.

Фармон дар бораи тақдими мукофот ба собиқадоронро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст. Қаблан чунин медалҳои ҷашнӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба ба собиқадорон Олег Соболев (Душанбе), Абдуқодир Холматов, Абдулло Ҷӯраев ва Улмас Мирзоортиқов (вилояти Суғд) супурда шуданд.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, айни замон дар кишвар 198 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи набард рафта, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон барнагаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.