Сафири Русия ба собиқадорони Тоҷикистон ба муносибати 75-солагии Ғалаба медал тақдим кард

Asia-Plus

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рӯзи чоршанбе дар Душанбе ба собиқадорон ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ медалҳои ҷашнӣ тақдим кард.

Ба ин мукофоти олӣ, ки бо фармони Владимир Путин ба ифтихори Соли ёдбуд ва шараф таъсис дода шудааст, 6 нафар собиқадорони тоҷикистонӣ – заҳматкашони ақибгоҳ, ки бо кори фидокорона назди дастгоҳҳо, дар саҳро ва госпиталҳо Ғалабаи Бузургро наздик карданд, сазовор дониста шуданд.

Мукофотҳоро аз дасти сафир Клавдия Коршунова, Рауза Валетова, Екатерина Леонидова, Александр Струнаев, Елена Степовская ва Анна Гаврикова гирифтанд, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ заҳмат кашида, ба фронт кумак мекарданд.

Фармон дар бораи тақдими мукофот ба собиқадоронро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст. Қаблан чунин медалҳои ҷашнӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба ба собиқадорон Олег Соболев (Душанбе), Абдуқодир Холматов, Абдулло Ҷӯраев ва Улмас Мирзоортиқов (вилояти Суғд) супурда шуданд.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, айни замон дар кишвар 198 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи набард рафта, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон барнагаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.