Боздошти 3 нафар дар Душанбе бо 44 кило маводи нашъаовар

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аввали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон се нафарро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд, ки аз онҳо 44 килову 410 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки ду тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Афғонистон мебошад. Маводи мухаддири мусодирашуда аз 39 кило афюн ва 5 килову 410 грамм ҳашиш иборат аст.

“Мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳаммаслакони онҳоро дар Афғонистон муайян карда, бо кумаки ҳукумати ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашем”, – қайд кард Салимзода.

Вай афзуд, нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор доранд.

Салимзода ҳамчунин зикр кард, ки моҳи январи соли ҷорӣ кормандони Агентӣ 15 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва 46 килову 470 грамм маводи мухаддир мусодира карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.