Боздошти 3 нафар дар Душанбе бо 44 кило маводи нашъаовар

Аввали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон се нафарро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд, ки аз онҳо 44 килову 410 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд. Директори Агентӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки ду тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Афғонистон мебошад. Маводи мухаддири […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аввали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон се нафарро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд, ки аз онҳо 44 килову 410 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки ду тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Афғонистон мебошад. Маводи мухаддири мусодирашуда аз 39 кило афюн ва 5 килову 410 грамм ҳашиш иборат аст.

“Мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳаммаслакони онҳоро дар Афғонистон муайян карда, бо кумаки ҳукумати ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашем”, – қайд кард Салимзода.

Вай афзуд, нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор доранд.

Салимзода ҳамчунин зикр кард, ки моҳи январи соли ҷорӣ кормандони Агентӣ 15 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва 46 килову 470 грамм маводи мухаддир мусодира карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.