Гурӯҳи аввали одамонро пас аз карантин ба хонаҳояшон ҷавоб доданд

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки аз оғози моҳ дар карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд. Ҳамаи ин 88 нафар аз Чин омада буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои чинии машғули кор дар ба ҷумҳуриамон мебошанд.

Муҳаммадҷон Қаюмовро, ки баъди аз Чин омаданаш ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дарҳол ба карантин гирифта шуда, муддати 14 рӯз дар он қарор дошт, имрӯз ҷавоб доданд.

Муҳаммадҷон мегӯяд, тамоми рӯзҳои дар карантин қарор доштанаш худро бемор ҳис накарда, шароит дар бемористон хуб буданд.

“Дар ҳар палата 3-4 нафар ҷойгир будем. Ҳамааш хуб буд, се маротиба дар як рӯз хӯрок медоданд. Ҳар се соат табибон ҳарорати ҳамаро месанҷиданд. Ҳеҷ кас гирифтори коронавирус набуд. Албатта, шахсони дорои ҳарорати баланд ҳам буданд, лекин баъд аз муоинаи табибон маълум мешуд, ки ин зуком аст”, – иброз дошт ӯ.

Дар бемористон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳамаи беморони ҷавобшуда чанд муддат зери муоинаи табибон хоҳанд буд.

“Ҳамаи он нафарони ҷавобшуда таҳти назорати табибони беморхонаи мо ва дармонгоҳҳои ҷойи зисташон қарор мегиранд”, – гуфтанд дар бемористон.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон далелҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.