Гурӯҳи аввали одамонро пас аз карантин ба хонаҳояшон ҷавоб доданд

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки аз оғози моҳ дар карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд. Ҳамаи ин 88 нафар аз Чин омада буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои чинии машғули кор дар ба ҷумҳуриамон мебошанд. Муҳаммадҷон Қаюмовро, ки баъди аз Чин омаданаш ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дарҳол ба карантин гирифта […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки аз оғози моҳ дар карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд. Ҳамаи ин 88 нафар аз Чин омада буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои чинии машғули кор дар ба ҷумҳуриамон мебошанд.

Муҳаммадҷон Қаюмовро, ки баъди аз Чин омаданаш ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дарҳол ба карантин гирифта шуда, муддати 14 рӯз дар он қарор дошт, имрӯз ҷавоб доданд.

Муҳаммадҷон мегӯяд, тамоми рӯзҳои дар карантин қарор доштанаш худро бемор ҳис накарда, шароит дар бемористон хуб буданд.

“Дар ҳар палата 3-4 нафар ҷойгир будем. Ҳамааш хуб буд, се маротиба дар як рӯз хӯрок медоданд. Ҳар се соат табибон ҳарорати ҳамаро месанҷиданд. Ҳеҷ кас гирифтори коронавирус набуд. Албатта, шахсони дорои ҳарорати баланд ҳам буданд, лекин баъд аз муоинаи табибон маълум мешуд, ки ин зуком аст”, – иброз дошт ӯ.

Дар бемористон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳамаи беморони ҷавобшуда чанд муддат зери муоинаи табибон хоҳанд буд.

“Ҳамаи он нафарони ҷавобшуда таҳти назорати табибони беморхонаи мо ва дармонгоҳҳои ҷойи зисташон қарор мегиранд”, – гуфтанд дар бемористон.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон далелҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.