Ҳайати СҲШ интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон демократӣ эътироф кард

Date:

Нозирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи парлумонии дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф ва демократӣ хонданд.

Зимни суханронӣ дар брифинги имрӯза барои рӯзноманигорон роҳбари ҳайати нозирон аз СҲШ, муовини котиби генералии Созмон Нурлан Аккошкаров изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди демократия дар кишвар аст.

Ӯ қайд кард, ки шароити муҳайёшуда дар Тоҷикистон барои интихобкунандагону номзадҳо ба вакилӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин нозирони байнулмилалӣ гувоҳи онанд, ки раҳбарияти кишвар баҳри таъмини кушоду шаффоф ва ба таври демократӣ гузаштани интихобот талош варзидааст.

“Интихобот ба қонунгузории интихоботи кишвар ва уҳдадориҳои байнулмилалии аз ҷониби ҷумҳурӣ эътирофшуда мутобиқат мекард”, – афзуд ӯ.

Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

Дар интихобот 7 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби состсиалистӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои интихобот 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои аз 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳодшуда КМИР нимаи дуюми имрӯз, 2-юми март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории он муайян шавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва ошкоро гузашта, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related