КМИР: Ягон арзу шикоят ворид нашуд, қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасид

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва ошкоро гузашта, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бар асоси ҳуҷҷатҳои аз 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳодшуда КМИР нимаи дуюми имрӯз, 2 март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни интихобот […]

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва ошкоро гузашта, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои аз 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳодшуда КМИР нимаи дуюми имрӯз, 2 март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни интихобот ягон арзу шикоят ворид нашуда, қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории он муайян шавад.

Рӯзи баргузории интихобот КМИР ҶТ интихоботро баргузоршуда эълон кард: то соати 15:00-и 1-уми март аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи аввали имрӯз дар КМИР ҳайати нозирон аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар бораи хулосаҳои худ оид ба интихоботи парлумонии дар Тоҷикистон баргузоршуда изҳори назар мекунанд.

Рӯзи баргузории интихобот хабарнигорони “Азия-Плюс” доир ба имкони овоз додан дар қитъаҳои интихоботӣ ба ҷойи чанд кас озмоиш гузарониданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯзноманигорон дар бораи бисёр қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот изҳори назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.