КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд. Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати иштироки беш аз 50%-и раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешаванд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи душанбе, 2-юми март маълум хоҳанд […]

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.

Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати иштироки беш аз 50%-и раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешаванд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи душанбе, 2-юми март маълум хоҳанд шуд. 

Имрӯз овоздиҳӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то соати 20:00 давом меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳудуди 4 миллиону 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи раъйдиҳӣ доранд.

То соати 8-и шом ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 412 адад ва ҳамчунин берун аз Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.

Ба палатаи поёнии парлумон аз 241 номзад 63 вакил интихоб мешаванд. Айни замон 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ ва 65 номзад аз рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 курсии вакилӣ рақобат доранд. Дар байни номзадҳои расман сабтиномшуда 48 нафарашон занон мебошанд.

Ҷараёни интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байнулмилалӣ назорат доранд. Ҳамзамон зиёда аз 250 хабарнигори ВАО-и дохилию хориҷӣ ҷараён ва натоиҷи онро инъикос мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.