Усулҳои маъмулии тақаллуб дар интихоботҳои Тоҷикистон кадоманд?

Аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 панҷ дафъа интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Нозирони байналмилалӣ аз усулҳои ба ҳам монанди тақаллуб гузориш медиҳанд, ки мақомот такрор ба такрор аз онҳо истифода мекунанд. Рехтани варақаҳо Ба сандуқи раъй як миқдор варақаҳо ба ҷонибдорӣ аз “номзади мавриди назар” рехта мешавад. Албатта, бар изофаи варақаҳое, ки интихобкунадагон овоз […]

Радиои Озодӣ

Аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 панҷ дафъа интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Нозирони байналмилалӣ аз усулҳои ба ҳам монанди тақаллуб гузориш медиҳанд, ки мақомот такрор ба такрор аз онҳо истифода мекунанд.

Рехтани варақаҳо

Ба сандуқи раъй як миқдор варақаҳо ба ҷонибдорӣ аз “номзади мавриди назар” рехта мешавад. Албатта, бар изофаи варақаҳое, ки интихобкунадагон овоз додаанд. Ин кор аз назари нозирон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пинҳонӣ сурат мегирад ваё ҳатто дар ҳузури онҳо. Варақаҳои қаблан пуркардашуда ба дасти намояндаи ҳавзаи интихоботӣ дода мешавад, то ки ноаён онҳоро ба сандуқ андозад. Дар гуззоришҳои ниҳоии САҲА дар мавриди интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005, 2010 ва 2015 гуфта мешавад, ки рехтани варақаҳо ба сандуқи раъй аз хилофкориҳои маъмул дар рӯзи интихоботи Тоҷикистон аст.

Раъйдиҳӣ ба ҷойи аъзои оила

Таҷрибаи раъйдиҳӣ ба ҷойи ҳама аъзои оила дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳама интихоботҳои Тоҷикистон – порлумонӣ ва ҳам президентӣ – мушоҳида шудаанд. Дар интихоботи соли 2015 ба ҳисоби нозирони САҲА раъйдиҳии оилавӣ дар чоряки ҳавзаҳои интихоботӣ ҷой доштааст. Нозирони САҲА изҳор доштанд, ки комиссияҳои маҳаллӣ ин гуна шикоятҳоро нодида мегиранд.

"Чархофалак"

Ин чӣ гуна усул аст? Ба гуруҳе аз одамон ва наздикони онҳо супориш дода мешавад, ки ба «номзади мавриди назар» дар ду ва ё се ҳавзаи интихоботӣ овоз диҳанд. Такрори овоздиҳии як гуруҳи шахсон ба гуфтаи нозирон аз сӯи мақомот ташкил карда мешавад. Дар гузориши САҲА доир ба интихоботи соли 2015 гуфта мешавад, ки «раъйдиҳии гуруҳӣ дар 18 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ ва овоздиҳии такрорӣ дар 16 фоизи ҳавзаҳо мушоҳида шуд».

Сохтакорӣ дар шумурдани оро

Риоя накардани тартиби шумориши овозҳо низ яке аз тақаллубкориҳои анъанавӣ аст. Дар гузориши САҲА аз интихоботи соли 2010 гуфта мешавад, ки «нозирон дар ҳавзаи рақами 65-ум 900 интихобкунандаро сабт карданд, аммо пас аз соати 7 ва баъди рафтани нозирони байналмиллалӣ 300 овози «изофӣ» дар сандуқ пайдо шуд ва роҳбари ҳавза аз ширкати сад дар садии раъйдиҳандагон гузориш дод. Дар гузориши интихоботи соли 2015 зикр мешавад, ки дар 28 дарсади ҳолатҳо овозҳо дуруст шумурда нашуданд. Бо назардошти ҷой доштани ин хатокориҳо ва мушкилоти дигар нозирони байналмилалӣ, ки дар давоми 20 соли охир интихоботи Тоҷикистонро назора мекунанд ҳар панҷ сол ба хулосаҳои яксон мерасанд:

• "Интихоботи порлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон мутобиқ ба уҳдадориҳо дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат нагирифт".

• "Интихоботи порлумонии соли 2005 дар Тоҷикистон ба бисёре аз меъёрҳои интихоботи демократӣ мутобиқ набуд".

•​​​​ "Интихоботи порлумонии соли 2010 ҷавобгӯйи аксарияти тааҳудоти калидии САҲА ва дигар меъёрҳои байналмиллалии интихоботи демократӣ набуд".

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.