“Кӯктош” бори аввал ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ноил шуд

Дастаи футболи “Кӯктош” бори нахуст дар таърихи худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ноил гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар бозии финалӣ шогирдони сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2 ба 1 мағлуб карданд. Гуфта мешавад, бозии финалии Ҷоми Федератсия-2020 рӯзи 1 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури […]

Дастаи футболи “Кӯктош” бори нахуст дар таърихи худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар бозии финалӣ шогирдони сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2 ба 1 мағлуб карданд.

Гуфта мешавад, бозии финалии Ҷоми Федератсия-2020 рӯзи 1 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 5200 нафар мухлисон доир гардида, тӯбҳоро аз дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба нишон расониданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи “Душанбе-83” тими КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дода, ба ҷоизаи биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 соҳиб шуд.

Дар маросими тақдими мукофотҳо ба дастаи ғолиб ва ҷоизадорон медалҳо супурда шуданд. Легионери дастаи “Кӯктош” аз Ӯзбекистон Муҳиддин Одилов беҳтарин бозингари вохӯрии финалӣ дониста шуд. Ҷоми Федератсия-2020-ро ба дастаи ғолиб ноиби президенти ФФТ Тоҷикистон Алишер Урунов тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.