Имзои созишномаи истиқрори сулҳ байни “Толибон” ва ИМА бо ҳузури вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 29-уми феврал дар Давҳа дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард. Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ин маросим инчунин вазирони корҳои хориҷии ИМА, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 29-уми феврал дар Давҳа дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ин маросим инчунин вазирони корҳои хориҷии ИМА, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯъи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.

Зикр мешавад, ки дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Ӯзбекистон – А.Комилов Туркманистон – Р.Мередов баргузор шуданд.

Моҳияти созишнома

Мувофиқи шартҳои созишнома, ҳукумати Афғонистон бояд то 29-уми май бо Шӯрои амнияти СММ дар бораи хориҷ кардани “Толибон” аз рӯйхати таҳримҳо гуфтушунид гузаронад. Вашингтон уҳдадор шуд, ки то 27-уми август гурӯҳро аз феҳристи таҳримҳо хориҷ мекунад.

ИМА ҳамчунин ваъда дод, ки давоми 135 рӯз шумори низомиёнашро дар Афғонистон то 8,6 ҳазор нафар кам мекунад. Иҷрои ин шарт ба он вобаста хоҳад буд, ки Толибон то кадом андоза уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома иҷро мекунанд. Толибон дар навбати худ ба даст кашидан аз ҳамлаҳо дар қаламрави Афғонистон уҳдадор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ИМА бояд аз истифодаи нерӯ бар зидди тамомияти қаламрави Афғонистон худдорӣ варзида, ҳамчунин ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат накунад. ИМА ҳамчунин ҳамасола барои омӯзиш, машварат ва муҷаҳҳаз гардонидани нерӯҳои амнияти Афғонистон ба ин кишвар кумак мекунад. Ҳукумати Афғонистон дар навбати худ ҳамчун иродаи нек то 5 ҳазор толибони маҳкумшударо ба ивази озодии 1 ҳазор кормандони нерӯҳои амниятӣ, ки дар асорати Толибон қарор доранд, озод мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.