КБО: Бозиҳои олимпии Токио дар вақташ баргузор мешаванд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) изҳор дошт, ки барои қабул кардани ҳар гуна қарорҳои радикалӣ дар робита ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии имсола дар пасманзари авҷи коронавирус дар ҷаҳон ниёз нест. 

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин изҳороти КБО 17-уми март пас аз ҷаласаи видеоӣ бо федератсияҳои байнулмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ нашр шудааст.

Зимнан таъкид гардид, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад, новобаста ба он ки бо сабаби авҷ гирифтани коронавируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам хӯрданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.

КБО иқрор шуд, ки дар масъалаи мусобиқоти интихобӣ бинобар паҳн шудани вирус ба мушкил дучор омадааст. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дарсадаш маълум шудааст. КБО дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байнулмилалӣ барои интихоби 43 дарсади боқимонда талош мекунанд. Дар ин робита гурӯҳи махсус ташкил шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба низоми интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи КБО қарори фаврӣ қабул мекунад.

Истифодаи раддабандиҳо ва натиҷаҳои таърихии варзишгарон барои ба даст овардани роҳхат ба Токио-2020 яке аз чораҳоест, ки эҳтимол истифода мешавад. Ба федератсияҳои байнулмилалӣ низ иҷозат дода шудааст, ки муҳлати интихобиро тамдид кунанд.

КБО эълон кардааст, ки масъалаи кам кардани квотаҳо барои варзишгарон дар ҳолатҳои истисноӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад шуд. Аз тағйирот дар низоми интихобии олимпӣ аввали моҳи апрел хабар дода мешавад.

“КБО мисли қабл барои баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мутақоид аст, зеро то оғози бозиҳо 4 моҳ вақт ҳаст ва ҷиҳати қабули қарор дар ин робита зарурат нест, – омадааст дар изҳорот. – КБО аз ҳамаи варзишгарон даъват мекунад, ки ҷиддӣ ва беҳтар ба бозиҳо омодагӣ бинанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...