Шумори андозҳоро дар Тоҷикистон то 7 номгӯй кам карданиянд

Дар лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон камшавии шумори андозҳо аз 10 номгӯйи амалкунанда то ба 7 номгӯй пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, коҳиши теъдоди онҳо аз ҳисоби ихтисори андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар назар буда, минбаъд он дар шакли пардохт пешбинӣ мешавад. Таҳиягарони лоиҳа пешниҳод мекунанд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор ва ба таркиби андози […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон камшавии шумори андозҳо аз 10 номгӯйи амалкунанда то ба 7 номгӯй пешбинӣ мешавад.

Аз ҷумла, коҳиши теъдоди онҳо аз ҳисоби ихтисори андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар назар буда, минбаъд он дар шакли пардохт пешбинӣ мешавад.

Таҳиягарони лоиҳа пешниҳод мекунанд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор ва ба таркиби андози аксиз дохил карда шавад.

Ғайр аз ин пешниҳод мешавад, ки андози воситаи нақлиёт ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул муттаҳид карда шаванд.

Ба ин тариқ, дар сурати қабули лоиҳаи нави Кодекс, дар қонунгузории Тоҷикистон 6 андози умумидавлатӣ (андоз аз даромад, фоида, ААИ, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андоз аз захираҳои табиӣ) ва 1 андози маҳаллӣ боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, шумораи низомҳои махсус аз 4 адад ба 5 адад зиёд хоҳад шуд. Зимнан низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ ва низоми имтиёзноки андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок хориҷ гардида, низоми андозбандии бонкдории исломӣ ва низоми андозбандии фаъолияти адвокатӣ илова карда мешавад.

Бо мақсади кам намудани шакли назорату санҷишҳо ва дар ин замина маҳдуд кардани дахолат ба фаъолияти андозсупорандагон, таҳиягарони лоиҳа пешниҳод мекунанд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ низоми мукаммали назорат иборат аз санҷишҳои андоз ва мониторинги андоз ворид карда шуда, назорати андозӣ аз 9 адад ба 2 адад кам карда шавад.

Ёдрас мекунем, моҳи майи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.

Аз қабули Кодекси андози ҳозира ҳамагӣ шаш сол сипарӣ шуда, он 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд.

Лоиҳаи Кодекси нави андоз айни замон дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар назар аст, ки қонунгузории нави андози ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.