Вазорати тандурустӣ: Овозаҳои “дезинфексия” бо чархболҳо асоси воқеӣ надоранд

Имрӯз, 18-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ хабаре бо чунин мазмун дар гардиш аст: “Сегодня в 23:00 и до 5:00 утра, в г. Душанбе вертолёты будут распылять лекарство для дезинфекции, окна и балконы должны быть закрыты и на улице после 23:00 находится нельзя”. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар робита ба […]

Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ хабаре бо чунин мазмун дар гардиш аст: “Сегодня в 23:00 и до 5:00 утра, в г. Душанбе вертолёты будут распылять лекарство для дезинфекции, окна и балконы должны быть закрыты и на улице после 23:00 находится нельзя”.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар робита ба ин овозаҳо бо муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид Давлатзода суҳбат кард. Номбурда гуфт: “Чунин хабару овозаҳо умуман ҳақиқат надоранд. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳеҷ як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост ирсол нашудааст. Азбаски то имрӯз, 18-уми марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чораҳои пешгир интиқоли коронавирус ба мамлакат пурзӯр шуда истодаанд”.

Гуфта мешавад, ки айни замон бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар тамоми манотиқи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба рияои қоидаҳои гигиению санитарӣ ба шаҳрвандони мамлакат ройгон тақсим карда мешавад.

Дар идомаи шарҳи вазорат зикр шудааст, ки ҳамзамон бо иштироки мутахассисони соҳа дар ВАО, аз ҷумла, тариқи телевизионҳои мамлакат барнома ва нишастҳои зиёд доир ба мавзӯъи коронавирус ташкил ва баргузор гардида, ба аҳолӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки аз 1-уми феврал то 18-уми марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то имрӯз 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Бритониёи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва ё тавассути кишварҳои дигар ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта мешаванд. Муддати ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз кишварҳои номбурда ба Тоҷикистон воридшуда 14 рӯз хоҳад буд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.