Афзоиши воридоти орду сӯзишворӣ ва коҳиши воридоти гандум

Тӯли 2 моҳи соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 55,5 млн доллар зиёда аз 89 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн 16,5% ва арзиш – 10,8% зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, воридоти орд дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 2 моҳи соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 55,5 млн доллар зиёда аз 89 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн 16,5% ва арзиш – 10,8% зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, воридоти орд дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар ҳаҷми беш аз 14,6 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 3,5 млн доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн 25,5% ва арзиш – 28,5% бештар мебошад.

Моҳҳои январ-феврал ба Тоҷикистон ба маблағи 21,5 млн доллар 95 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки 52,1% аз рӯйи вазн ва 42,2% аз рӯйи арзиш нисбат ба соли гузашта камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ тамоили коҳиши воридоти орд ва афзоиши воридоти гандум ба назар мерасид, ки минбаъд дар корхонаву коргоҳҳои ордбарории ватанӣ коркард мешуданд.

Орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо соли гузашта моҳи феврали соли 2020 нархи орди гандум дар ҷумҳурӣ 12,3% афзудааст.

Моҳи гузашта арзиши бензин ба андозаи 0,5% поин рафтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.