Эмомалӣ Раҳмон: 40 олим дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар гуфт, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ мушоҳида мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад. Президент зимни суханронияш таъкид кардааст: “Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар гуфт, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ мушоҳида мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Президент зимни суханронияш таъкид кардааст: “Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст”.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд.

“Яъне ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ заҳмати ҷиддиву мунтазам, ҷустуҷӯҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо чунин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем”, – гуфтааст сарвари давлат.

Вай афзуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) дар раёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, инчунин ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ӯ ба олимони ҷавон муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҳар як сарчашмаро худашон мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд.

“Бо назардошти ин, ба Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки норасоиҳои зикршударо ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мунтазам мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷааш ҳар шаш моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат маълумоти хаттӣ ирсол намоянд”, – изҳор дошт раисҷумҳур.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.