Ошкор шудани 3 ҳолати аввалини сирояти коронавирус дар Қирғизистон

Asia-Plus

Дар Қирғизистон 3 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Тавре kabar.kg иттилоъ медиҳад, дар ин бора зимни брифинги 18-уми март вазири тандурустии ин кишвар Космосбек Чолпонбоев хабар додааст.

Вазир қайд кардааст, ки коронавирус шаби аз 17 ба 18-уми март дар 3 шаҳрванд ошкор шудааст, ки ҳанӯз рӯзи 12-уми март аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

“Онҳо дар хонаҳояшон зери назорати табибон буданд. Рӯзи 16-уми март ҳарорати бадани яке аз онҳо баланд шуда, ташхис сироятёбии ӯ ва боз ду нафари дигарро тасдиқ кардааст. Айни замон ҳамаи онҳо зери назорат қарор доранд”, – гуфт вазир.

Чанде пеш Қирғизистон изҳор дошт, ки сарҳадҳояшро баста, вуруди хориҷиёнро манъ мекунад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то субҳи имрӯз дар саросари дунё 198 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор қариб 82 ҳазор нафар муолиҷа ва шифо ёфтаанд.

Дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон ҳолатҳои сирояти коронавирус тариқи зайл аст:

дар Ӯзбекистон – 11 ҳолат,

дар Қирғизистон – 3 ҳолат,

дар Афғонистон – 21 ҳолат.

Дар Қазоқистон – 35 ҳолат ва дар Русия то субҳи 18-уми март – 114 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон аз коронавирус озод боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти вазрати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар вазорат аз шумори шахсоне, ки айни замон ба карантин гирифта шудаанд, хабар намедиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...