Ошкор шудани 3 ҳолати аввалини сирояти коронавирус дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон 3 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Тавре kabar.kg иттилоъ медиҳад, дар ин бора зимни брифинги 18-уми март вазири тандурустии ин кишвар Космосбек Чолпонбоев хабар додааст. Вазир қайд кардааст, ки коронавирус шаби аз 17 ба 18-уми март дар 3 шаҳрванд ошкор шудааст, ки ҳанӯз рӯзи 12-уми март аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд. “Онҳо дар хонаҳояшон […]

Дар Қирғизистон 3 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Тавре kabar.kg иттилоъ медиҳад, дар ин бора зимни брифинги 18-уми март вазири тандурустии ин кишвар Космосбек Чолпонбоев хабар додааст.

Вазир қайд кардааст, ки коронавирус шаби аз 17 ба 18-уми март дар 3 шаҳрванд ошкор шудааст, ки ҳанӯз рӯзи 12-уми март аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

“Онҳо дар хонаҳояшон зери назорати табибон буданд. Рӯзи 16-уми март ҳарорати бадани яке аз онҳо баланд шуда, ташхис сироятёбии ӯ ва боз ду нафари дигарро тасдиқ кардааст. Айни замон ҳамаи онҳо зери назорат қарор доранд”, – гуфт вазир.

Чанде пеш Қирғизистон изҳор дошт, ки сарҳадҳояшро баста, вуруди хориҷиёнро манъ мекунад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то субҳи имрӯз дар саросари дунё 198 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор қариб 82 ҳазор нафар муолиҷа ва шифо ёфтаанд.

Дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон ҳолатҳои сирояти коронавирус тариқи зайл аст:

дар Ӯзбекистон – 11 ҳолат,

дар Қирғизистон – 3 ҳолат,

дар Афғонистон – 21 ҳолат.

Дар Қазоқистон – 35 ҳолат ва дар Русия то субҳи 18-уми март – 114 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон аз коронавирус озод боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти вазрати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар вазорат аз шумори шахсоне, ки айни замон ба карантин гирифта шудаанд, хабар намедиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.