Сафири Тоҷикистон дар Русия ҷазо надодани муҳоҷиронро дархост кард

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ барои фурсат наёфтанашон ҷиҳати саривақт тарк кардани қаламрави Русия ҷазо дода нашаванд.

Дар суҳбат бо нашрияи КоммерсантЪ ӯ эътироф кардааст, ки дар робита ба вазъи ҳозираи қатъ ё маҳдудияти равуои қатора ва парвози ҳавопаймоҳо, “аз қаламрави Русия берун баровардани ҳамаи коргарон ва донишҷӯёни тоҷик ғайриимкон аст”.

“Ба назарам, дар ин вазъ талаб кардани он, ки ҳама қаламрави Русияро тарк кунанд, мувофиқи мақсад набуда, ғайриимкон аст, – иброз доштааст ӯ ба нашрия. – Аз ин рӯ, ба онҳо (шаҳрвандони Тоҷикистон – «Ъ») имкони ҳуқуқӣ додан лозим аст, ки қонунро вайрон накарда, дар ҷойе, ки қувваи корӣ зарур аст, қонунӣ фаъолият кунанд”.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки то вақте муҳоҷирони кории нав ба Русия намеоянд, кори онҳоро муҳоҷирони дар ин кишвар ҳузурдошта иҷро карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кардааст, ки шароити будубош дар Русия сабуктар карда шавад.

“Агар мо нияти кумак ба корхона ва ширкатҳоро дар ин вазъ дошта бошем, дар бораи патентҳои корӣ, ки муҳоҷирон айни замон имкони пардохти маблағи онро надоранд, бояд фикр кунем. Шояд муваққатан пардохти маблағи патент боздошта шавад, то ки онҳо рӯзгори худ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои Русияро таъмин карда тавонанд”, – гуфтааст Сатторов.

Қобили зикр аст, ки Русия аз 18-уми март вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ карда, дар ин робита ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози тайёраҳоро қатъ ё шуморашонро кам карданд. Мақоми муҳоҷироне, ки дар Русия боқӣ мемонанд, то ҳол мушаххас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...