Сафири Тоҷикистон дар Русия ҷазо надодани муҳоҷиронро дархост кард

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ барои фурсат наёфтанашон ҷиҳати саривақт тарк кардани қаламрави Русия ҷазо дода нашаванд. Дар суҳбат бо нашрияи КоммерсантЪ ӯ эътироф кардааст, ки дар робита ба вазъи ҳозираи қатъ ё маҳдудияти равуои қатора ва парвози ҳавопаймоҳо, “аз қаламрави Русия берун баровардани ҳамаи […]

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ барои фурсат наёфтанашон ҷиҳати саривақт тарк кардани қаламрави Русия ҷазо дода нашаванд.

Дар суҳбат бо нашрияи КоммерсантЪ ӯ эътироф кардааст, ки дар робита ба вазъи ҳозираи қатъ ё маҳдудияти равуои қатора ва парвози ҳавопаймоҳо, “аз қаламрави Русия берун баровардани ҳамаи коргарон ва донишҷӯёни тоҷик ғайриимкон аст”.

“Ба назарам, дар ин вазъ талаб кардани он, ки ҳама қаламрави Русияро тарк кунанд, мувофиқи мақсад набуда, ғайриимкон аст, – иброз доштааст ӯ ба нашрия. – Аз ин рӯ, ба онҳо (шаҳрвандони Тоҷикистон – «Ъ») имкони ҳуқуқӣ додан лозим аст, ки қонунро вайрон накарда, дар ҷойе, ки қувваи корӣ зарур аст, қонунӣ фаъолият кунанд”.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки то вақте муҳоҷирони кории нав ба Русия намеоянд, кори онҳоро муҳоҷирони дар ин кишвар ҳузурдошта иҷро карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кардааст, ки шароити будубош дар Русия сабуктар карда шавад.

“Агар мо нияти кумак ба корхона ва ширкатҳоро дар ин вазъ дошта бошем, дар бораи патентҳои корӣ, ки муҳоҷирон айни замон имкони пардохти маблағи онро надоранд, бояд фикр кунем. Шояд муваққатан пардохти маблағи патент боздошта шавад, то ки онҳо рӯзгори худ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои Русияро таъмин карда тавонанд”, – гуфтааст Сатторов.

Қобили зикр аст, ки Русия аз 18-уми март вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ карда, дар ин робита ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози тайёраҳоро қатъ ё шуморашонро кам карданд. Мақоми муҳоҷироне, ки дар Русия боқӣ мемонанд, то ҳол мушаххас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.