ХБА пардохти қарзи 25 кишвари камбизоаттарин, аз ҷумла Тоҷикистонро сабук мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар изҳороти сарвари маъмурии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева гуфта мешавад, Шӯрои иҷроияи Хазина таъҷилан сабуксозии сарбории қарзи 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро тасдиқ кард.

“Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки рӯзи 13-уми апрел Шӯрои иҷроияи Хазина таъҷилан сабуксозии сарбории пардохти қарзро барои 25 кишвари узви ХБА дар доираи механизми бозбинишудаи ХБА – Фонди трастӣ барои маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳо – ҳамчун қисмате аз тадбирҳои ҷавобии Хазина барои мусоидат ба бартараф сохтани оқибатҳои ҳамагирии COVID-19 тасдиқ кард”, – таъкид шудааст дар изҳороти роҳбари ХБА.

Гуфта мешавад, дар ин қарор пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои камбизоаттарин ва бештар осебпазири узви ХБА барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо назди ХБА дар давраи аввал муддати шаш моҳи минбаъда пешбинӣ шуда, ба онҳо ҷиҳати равона сохтани захираҳои бештари маҳдуди молиявии худ ба ёрии ҳаётан муҳими таъҷилии тиббӣ ва дигар кумакҳо мусоидат мекунад.

Айни замон Фонди трастӣ барои маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокатҳо ҷиҳати сабуксозии пардохти қарз бар асоси грантҳо, бо шумули уҳдадории чанде қабли Шоҳигарии Муттаҳида ба маблағи 185 млн доллар, ҳамчунин 100 млн доллари аз ҷониби Ҷопон пешниҳодшуда дар шакли захираҳои фавран дастрас барои истифода наздики 500 млн доллар ҷудо карда метавонад.

“Дигар кишварҳо, аз ҷумла, Чин ва Ҳоланд низ дар бораи пулгузаронии назаррас хабар медиҳанд. Аз дигар кишварҳои мададрасон даъват мекунам, ки ба мо ҷиҳати афзоши Фонди трастӣ ва минбаъд баланд шудани имконот барои пешниҳоди сабуксозии иловагии сарбории пардохти қарз муддати ду соли тамом ба кишварҳои камбизоаттарини узви Хазина кумак кунанд”, – қайд мешавад дар изҳороти роҳбари ХБА.

Сабуксозии сарбории пардохти қарз ба ҷуз Тоҷикистон, ба кишварҳои зерин низ пешниҳод мешавад: Афғонистон, Бенин, Буркина-Фасо, Гаити, Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Ҷазираҳои Комор, Яман, Ҷумҳурии Демократии Конго, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигер, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷазираҳои Соломон, Серра-Леоне, Того, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Чад.

Қобили зикр аст, ки бақияи қарзи Тоҷикистон ба аввали соли равон андаке бештар аз 30 млн доллар (аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Бонки миллӣ ҷалбшуда)-ро ташкил дод.

Ба сурати умум, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.